Эрдуғон дар суҳбат бо Зеленский хоҳони миёнравӣ бо Русия шуд

Лвов, Украина, моҳи августи соли 2022. Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳангоми мулоқот бо раиси ҷумҳурии Украина Владимир Зеленский

Дафтари раёсатҷумҳурии Туркия гуфт, президент Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 20-уми январ дар суҳбати телефонӣ бо президенти Украина Владимир Зеленский пешниҳоди миёнравиро дар музокироти эҳтимолии миёни Киеву Маскав дигарбора такрор кардааст.

Ба навиштаи ин манбаъ, Эрдуғон дар суҳбати телефонӣ аз даргузашти баъзе аз мақомоти украинӣ ҳангоми афтодани чархбол изҳори ҳамдардӣ кардааст. Ҳодиса рӯзи 18-уми январ дар канори Киев рӯй дод.

Пас аз шурӯи ҷанги беасоси Русия алайҳи Украина дар моҳи феврали соли 2022 Эрдуғон чандин бор пешниҳоди миёнаравиро байни Путин ва Зеленский кард, вале то ҳол ин даъватҳо натиҷа надодааст.

Мунтақидон мегӯянд, дар пешорӯи интихоботи президентии Туркия, ки моҳи майи имсол барпо хоҳад шуд, Эрдуғон талош дорад, мавқеашро ба ҳайси як раҳбари бонуфузи сиёсӣ дар саҳнаи байнулмилалӣ қавитар кунад.