Нахуствазири Бритониёро ҷазо доданд

Риши Сунак, нахуствазири Бритониё

Нахуствазири Бритониё Риши Сунак рӯзи 20-уми январ барои набастани тасмаи бехатарӣ дар мошин ҷарима шуд.

Нозирони роҳ мошини Сунакро ҳангоми сафари кориаш ба минтақаи Ланкашир дар шимоли Бритониё нигоҳ доштаанд.

Ба навиштаи Би-би-сӣ, полиси Ланкашир тасдиқ кардааст, ки “як марди 42-сола барои вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ муҷозот шуд”.

Пеш аз он дафтари матбуоти нахуствазири Бритониё узр пурсид.

Сунак дар курсии ақиби мошин нишаста буд ва ӯро муҳофизони мототсиклрон ҳамроҳӣ мекарданд. Ӯ гуфт, замони наворгирии як сабте барои шабакаҳои иҷтимоӣ тасмаро муваққатан боз кард.

Барои набастани тасмаи бехатарӣ дар Бритониё 100 фунт стерлинг ҷарима мебанданд. Ин ба 123 доллари амрикоӣ баробар аст. Агар ин пул саривақт пардохт нашавад ва кор то ба додгоҳ бирасад, ҷарима 500 фунт стерлинг хоҳад шуд.