Бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт сокини 33-солаи ноҳияи Хуросон Шамсулло Маҳмадов ва писари панҷсолааш ҷон додаанд. Ҳамсару як тифли дигараш дар бемористон ҳастанд. Пизишкон рӯзи 20-уми январ вазъи онҳоро вазнин арзёбӣ карданд. Намояндагони ҳукумат дар ноҳияи Хуросон гуфтанд, ҳодиса шаби 19-уми январ дар деҳаи Гулрези ҷамоати Ҳилолӣ рӯй додааст. Ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт гарм мекунанд. Дар баъзе маврид риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ бо ин гуна фоҷеаҳо меанҷомад.