Ҳампаймонҳояш гуфтанд, ба Украина аслиҳа медиҳанд

Шарл Мишел бо Владимир Зеленский. Киев, 19-уми январи 2023

Ҳампаймонҳои ғарбии Украина рӯзи 19-уми январ гуфтанд, ба ин кишвар, ки дар ҳоли набард бо Русия аст, аслиҳаи вазнини муосир медиҳанд. Русия моҳи феврали соли гузашта ба хоки Украина таҷовуз кард.

Раиси Шӯрои Аврупо, Шарл Мишел, ибрози "боварии комил" кард, ки ба Украина тонкҳо интиқол дода хоҳанд шуд.

Ӯ пас аз сафараш ба Киев дар Твиттер навишт, “мо паёми Шуморо шунидем. Бештар системаҳои дифои ҳавоӣ, тӯпхона ва лавозимоти ҷангии бештар даркор аст.”

Дар ҳамин ҳол, намояндагони нӯҳ кишвар, аз ҷумла Бритониё, Лаҳистон ва Ҳолланд ваъда доданд, ки ба Укриана “тонку тӯпхона, низоми дифои ҳавоӣ ва мошинҳои ҷангӣ пешниҳод хоҳанд кард.”

Ин тасмим бар Олмон ва вазири тозатаъини дифояш, Борис Писториус, фишори бештаре меорад. Писториус рӯзи 19-уми январ бо вазири дифои Амрико Ллойд Остин мулоқот кард.