Дар Қирғизистон гуфтанд, Mega дар ихтиёри давлат мемонад

Эрбол Султонбоев, сухангӯи президенти Қирғизистон сару садоҳоро атрофи ширкати мобилии Mega шарҳ дод.

Ба гуфтаи Султонбоев, ширкати Mega ба рӯйхати иншооте шомил шудааст, ки хусусӣ гардонида мешаванд. Султонбоев ҳамзамон гуфт, ширкати мазкурро ё Бонки миллӣ ва ё Бонки давлатии рушд харидорӣ хоҳанд кард.

"Тасмими ниҳоиро девони вазирон қабул хоҳад кард, яъне ширкат дар ихтиёри давлат хоҳад монд ва барои пур кардани буҷа саҳм хоҳад гузошт. Ба ин тартиб, ширкат ба ҳеч ваҷҳ ба ихтиёри афроди алоҳида ва ё ширкатҳои хориҷӣ фурӯхта нахоҳад шуд", - гуфт Эрбол Султонбоев.

Қимати ширкати мобилии Mega-ро 14-15 миллиард сом арёзбӣ мекунанд.

Ҳукумати Қирғизистон чанд маротиба талош кард, ки ин ширкатро фурӯшад. Баъди инқилоби сои 2010 ҳукумати вақти Қирғизистон 49% саҳмияҳои ширкатро миллӣ гардонид. Соли 2014 ширкат комилан давлатӣ шуд.