Баъзе аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба муштариёни худ ҳушдор додаанд, ки то 15-уми феврали имсол симкортҳоро бо шиносномаи нав сабтином кунанд, вагарна иртибот қатъ карда хоҳад шуд.
Ширкати "Мегафон-Тоҷикистон" рӯзи 18-уми январ дар эъломияе гуфт, агар муштариён симкорти худро бо шиносномаи соли 2014 (пластикӣ) аз нав сабтином накунанд, "операторон маҷбур мешаванд, хидматрасониро бас кунанд".
Чунин ҳушдор 4 сол боз садо медиҳад, вале ба гуфтаи мақомот, ҳазорҳо нафар то ҳол симкорти худро аз нав сабтином накардаанд.
Намояндагони ширкати "Зет-мобайл" ҳам гуфтанд, "шаҳрвандоне ҳастанд, ки ҳанӯз симкорти худро сабтином накардаанд. Ин барои фоидаи худашон аст, ки ҳангоми баста шудани симкорт саргардон нашаванд."
Як ҳафта пеш Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 15-уми феврал муҳлати охири сабтиноми симкортҳо бо шиносномаи нав ё пластикӣ аст. Як масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар оғози моҳи январи имсол ба Радиои Озодӣ гуфта буд, 800 ҳазор муштарии фаъол ҳанӯз ҳам симкортҳои худро дубора сабтином накардаанд.
Дар Тоҷикистон соли 2014 шиносномаҳои кӯҳнаро ба шиносномаҳои пластикии шакли нав иваз карданд. Соли 2019 ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул кард, ки сокинон бояд симкорти худро бо шиносномаи нав ба қайд гирад. Ин кор дар аввал навбатпоии зиёдро дар назди ширкати мобилӣ ба миён овард. Мақомот маҷбур шуданд чанд маротиба муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳоро тамдид кунанд.
Ҳоло маълум нест, ки ин муҳлат баъди 15-уми феврал тамдид меёбад ё не. Масъулони Хадамоти алоқа ва Вазорати умури дохилии кишвар гуфтанд, тасмими ниҳои дар ин масъаларо ҳукумат мегирад.
Сокинон ва мунтақидон азнавбақайдгирии симкортҳоро харҷи изофӣ ва саргардонӣ барои аҳолӣ номиданд, вале мақомот онро барои тақвияти чораҳои амниятӣ муҳим мешуморанд.