Мақомоти Қирғизистон ба "парвандаи Кампиробод", ки дар доираи он даҳҳо сиёсатмадори мухолиф ва фаъоли маданӣ боздошт шудааст, муҳри махфӣ заданд.
Дар ин бора Гуляна Убалиева, вакили дифои собиқ вакили порлумони Қирғизистон Орозайим Норматова хабар дод. Ӯ гуфт, муҳри махфӣ гирифтани парванда асоси ҳуқуқӣ надорад ва он ҳуқуқи гумонбарон ва вакилони дифоъро нақз менамояд.
"Роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ эълон кард, ки парванда махфӣ мебошад. Мо ҳанӯз бо қарор шинос нашудаем. Ваъда медиҳанд, ки онро пешниҳод мекунанд. Албатта, ин ҳуқуқҳои моро поймол мекунад. Мо барои махфӣ кардани парванда ягон асос намебинем", - изҳор дошт Убалиева.
Вазорати умури дохилии Қирғизистон то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.
Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.
Мақомоти Қирғизистон онҳоро дар "Омодагӣ ба ташкили бетартибиҳо" гумонбар мекунанд.