Як марди эронӣ ба гуноҳи қатли ҳамсараш ба беш аз 8 сол зиндон маҳкум шуд.
Саҷҷод Ҳайдарнаво ва бародараш моҳи феврали соли гузашта сари Муно Ҳайдарии ҳабдаҳсоларо бурида, дар назди мардум намоиш доданд.
Ҳодиса дар маркази вилояти Аҳвоз "қатли номусӣ" арзёбӣ шуд.
Масъуд Ситоишӣ, сухангӯйи қувваи қазоияи Эрон, рӯзи 18-уми январ гуфт, Ҳайдарнаворо барои куштор ба ҳафтуним сол ва барои ҳамлаи барқасдона ҳашт моҳ зиндонӣ карданд.
Ӯ афзуд, бародари Ҳайдарнаво барои шарикӣ дар куштор ба 45 моҳ зиндон маҳкум шудааст.
Бино ба гузориши расонаҳои Эрон, Муно Ҳайдарӣ дар 12-солагӣ издивоҷ карда, модари як кӯдаки сесола буд.
Дар Эрон барои куштор ҷазои якумрӣ ё ҳукми қатл пешбинӣ шудааст, барои "қатли номусӣ" танҳо то даҳ сол зиндон медиҳанд.