"Фарғонаазот"-ро ба ширкати сингапурӣ мефурӯшанд

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, корхонаро "Indorama Corporation" мегирад

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, корхонаро "Indorama Corporation" мегирад

Корхонаи "Фарғонаазот" - яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони нуриҳои минералӣ дар Узбекистон ба ширкати сингапурӣ фурӯхта мешавад.

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ин корхонаро ширкати "Indorama Corporation"-и Сингапур бо баҳои 140 миллион доллари амрикоӣ мехарад.

Моликони нав вазифадор шудаанд, ки барои таҷдиди корхона 100 миллион доллар харҷ кунанд. Бино ба шартҳои хариду фурӯш, молики нав теъдоди коргарон, маоши онҳо, барномаҳои иҷтимоии корхонаро ҳифз хоҳад кард.

Ширкати "Indorama Corporation" дар 38 кишвари дунё бештар аз 160 корхона дорад.

Имзои шартномаи хариду фурӯши "Фарғонаазот" рӯзи 16-уми январ дар сафари давлатии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Сингапур сурат гирифт.