Қазоқистон қоидаҳоро барои хориҷиён дигар кард

Акс аз бойгонӣ

Қазоқистон қоидаҳои вуруд ва будубоши муҳоҷирон, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро дар ин кишвар сахттар кард.

Бар асоси тартиби нав, ки аз 27-уми январ эътибор пайдо мекунад, муҳлати умумии иқомати онҳо дар Қазоқистон набояд аз 90 рӯз зиёд бошад.

Пештар дар ин ҷумҳурӣ убури марзи давлатӣ барои дароз кардани будубоши қонунӣ амал мекард. Ба сабаби ин, муҳоҷироне, ки муҳлати ҳузурашон дар кишвар ба охир мерасид, метавонистанд, Қазоқистонро тарк карда, худи ҳамон рӯз аз нав баргарданд.

Акнун чунин қоида нест ва дар сурати риоя накардани қонун, шаҳрванди хориҷӣ ба кишвар роҳ дода нахоҳад шуд. Ин маҳдудият ба онҳое, ки иҷозаи иқомати муваққатӣ доранд, дахл надорад.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, тағйирот назоратро ба вуруди муҳоҷирон таъмин карда, мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ шиддат мебахшад.​