Талафоти собитшудаи ғайринизомиён дар Украина пас аз оғози ҷанги Русия дар тақрибан як соли пеш аз 7 ҳазор нафар гузаштааст.
Омори мазкурро Кумиссионери Олии Ҳуқуқи Башари Созмони Милал рӯзи 16-уми январ нашр карда, гуфт, мумкин аст, теъдоди воқеии қурбониён аз ин ҳам бештар бошад.
Дар ин ҷанг, ки моҳи феврали соли 2022 шуруъ шуд, то кунун 11 000 нафар захм бардоштаанд.
Дар баёнияи кумиссиюн омадааст: "Талафоти зиёди ғайринизомиён асосан бар асари таркиши аслиҳаи тарканда дар манотиқи васеъ аз ҷумла, тири тӯпхонаҳо, мушакҳову зарбаҳои ҳавоӣ будааст."
Ба гуфтаи ин ниҳоди Созмони Милал, омори воқеӣ дар бораи талафоту захмиён “бисёр зиёдтар” аст, зеро гирифтани иттило аз манотиқе, ки ҷангҳои сахт дар он идома доранд, мушкил аст.