Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва ҳамтои турки ӯ Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар як суҳбати телефонӣ рӯзи 16-уми январ табодули эҳтимолии асиронро байни Украина ва Русия баррасӣ кардаанд.
Ҳукумати Русия дар як баёнияи расмӣ гуфт, раҳбарони ду кишвар “табодули назарро дар бораи вазъият дар Украина” идома доданд, аз ҷумла дар бораи сулҳи пойдор ва содироти гандум аз тариқи Баҳри Сиёҳ.
Мақомоти Украина дар ин гуфтугӯи телефонӣ ҳузур надоштаанд.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ки бо Русия ва Украина муносибати дӯстона дорад, баъд аз оғози ҷанги Русия ба зидди Украина дар моҳи феврали соли 2022 саъй кардааст, байни ду тараф миёнҷигарӣ кунад.