Узбекистон интиқоли барқро ба Афғонистон муваққатан қатъ кард

Узбекистон рӯзи 15-уми январ интиқоли барқро ба Афғонистон муваққатан бас кард. Дар ин бора телевизиони "Тулуъ" хабар дод.

Сафиуллоҳ Аҳмадзай, намояндаи ширкати миллии барқи Афғонистон "Брешна" гуфт, бо ҷониби Узбекистон дар бораи барқарории интиқоли барқ гуфтугӯ доранд.

Ду ҳафта пеш Узбекистон шартномаи интиқоли барқро ба Афғонистон дароз кард. Бино ба шартнома, Тошканд дар мавсими зимистон ба Афғонистон бояд 450 МВт нерӯи барқ диҳад.

Сокинони шаҳри Кобули Афғонистон аз камбуди барқ ранҷ мекашанд. Дар Узбекистон низ дар пайи сардиҳои касобиқа камбуди энержӣ мушоҳида мешавад.