Иқтисоддони Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Панҷакент худкушӣ кардааст. Асад Мардонов 59 сол дошт. Ӯро 11-уми январ дафн карданд.
Як манбаъ дар ҳукумати шаҳри Панҷакент рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, Мардонов пас аз санҷиш ва бозпурсии маъмурони Идораи мубориза бо фасод "даст ба худкушӣ задааст".
"Ба касе чизе нагуфтааст. Сабаби худкушияш дақиқ нест. Мақомот тафтиш доранд," -- афзуд ӯ.
Кӯшиши мо барои гирифтани шарҳи маъмурони Идораи мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд то ин дам бенатиҷа буд.
Ҳамсуҳбати мо дар ҳукумати Панҷакент ба шарти фош нашудани номаш гуфт, тафтиш дар Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа "дар пайи шикояти шахси номаълум" шуруъ шудааст.
Мақомот ба таври расмӣ қазияро шарҳ надоданд.
Асад Мардонов пештар дар идораи "Агропром"-и шаҳри Панҷакент кор мекард.
Дар гузашта чанд мавриди худкушии кормандони идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст.
Аз ҷумла, раиси корхонаи "Замини Ғончӣ"-и ноҳияи Деваштич, Эгамбердӣ Худойбердиев, соли 2013 ва пас аз ошкор шудани мавридҳои фурӯши замин дар ин ноҳия даст ба худкушӣ зада буд.