Соҳибнуфузи ҷиноӣ дар Қирғизистон Қодир Досонов, ки бо лақаби "Ҷенго" маъруф аст, бо гумони ташкили ҷиноят ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ӯро то 15-уми марти соли 2023 ба ҳабс гирифтаанд.
"Додгоҳ қарори ҳабси Досоновро содир кард. Нисбати боздоштшудаҳои дигар чораи пешгирикунанда имрӯз содир мешавад", - омадааст дар хабари пулиси шаҳри Ӯш.
Шаби 13 январи соли ҷорӣ дар маркази шаҳри Ӯш миёни аъзои гуруҳҳои ҷиноӣ низоъ бархост, ки дар натиҷа як кас кушта, як тани дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморисон бистарӣ шуд. Бо гумони ташкили ҷиноят сокини ноҳияи Қара-Сууи Қирғизистон Қодир Досонов боздошт шудааст. Ҳамчунин дар доираи парвандаи мазкур чаҳор тани дигар гумонбар шудаанд.
Досонов борҳо зиндонӣ шудааст. Соли 2011 ӯро дар ҷустуҷӯ қарор доданд. Соли 2012 дар Тоҷикистон боздошт шуд. Ӯро дар Қирғизистон дар ҷиноятҳое амсоли ғоратгарӣ, фурӯши маводи мухаддир, одамрабоӣ айбдор кардаанд. Досонов аз сӯи додгоҳи шаҳри Ӯш сафед карда шуд. Соли 2013 ӯро дубора дар ҷустуҷӯ қарор доданд ва боздошт карданд. Додгоҳи вилояти Ӯш ӯро ибтидои соли 2014 ба ҳабси хонагӣ гирифт.
Соли 2015 вай бори севум дар ҷустуҷӯ эълом шуд. Досонов он замон дар фармоиши куштори полковники милиса Толкунбек Шоноев айбдор мешуд. Вай ин айбро рад кард ва соли 2017 додгоҳ олии Қирғизистон Досоновро сафед кард.
Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Қирғизистон, 1177 аъзои гуруҳҳои ҷиноӣ дар сабт ҳастанд. Моҳи августи соли 2022 нашрияи сербистонии Numbeo аз миёни 142 кишвар Қирғизистонро дар рейтинги сатҳи ҷинояткорӣ дар мақоми 36 ҷо дода буд.