Дар чаҳор моҳи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон камаш 522 нафар кушта шуд.
Дар ин бора рӯзи 15-уми январ HRANA - Хабаргузории фаъолони ҳуқуқи инсон, қароргоҳаш дар Амрико, хабар дод.
Ба ҳисоби созмон, дар миёни кушташудаҳо 70 хурдсол ва 68 ходими амниятӣ ҳастанд.
Дар ин муддат тахминан 20 ҳазор кас ҳабс шуда, ба 110 нафар ҳукмҳои сангин, аз ҷумла қатл таҳдид мекунад.
То ҳол ҳукми қатли чаҳор нафар содир шудааст.
Эътирозҳои сартосарӣ дар Эрон баъд аз марги Маҳсо Аминии 22-сола сар зад. Ӯро моҳи сентябри соли 2022 ба иттиҳоми “бадҳиҷобӣ” дастгир карданд.