Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико ба пуштибонӣ аз зиндониёни сиёсӣ дар гӯшаҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, маъракаи "WithoutJustCause"-ро оғоз кард.
Вазорат рӯзи 11-уми январ дар сомонааш номи 16 нафареро навишт, ки дар Сурияву Беларус, Мисру Эрон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар бо ангезаҳои сиёсӣ ва ба муддатҳои дароз зиндонӣ ҳастанд.
Саргузашти ин афрод баёнгари тақдири ҳазорон нафаре дар дунё гуфта шудааст, ки ноодилона дастгиру зиндонӣ шудаанд. Номи вакили зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров дар ин қатор ҳаст.
Бузургмеҳр Ёров соли 2015 дастгир ва ба иттиҳоми қаллобӣ, сохтакорӣ ва таҳқири намояндаи ҳокимият ба 28 сол зиндон маҳкум шуд. Худаш мегӯяд, гуноҳ надорад. Як кумитаи Созмони Милал муҳокимаи ӯро ноодилона хонд ва аз ҳукумат хост, Бузургмеҳр Ёровро озод кунад. Мақомот пешниҳодро напазируфтанд.
"Мо дар инҷо саргузашти онҳоеро мегузорем, ки барои истифодаи ҳуқуқи худ зиндонӣ шудаанд. Инҳо кӯшиши афзояндаи ҳукуматҳои худкомаро барои хомӯш кардани дигарандешӣ ва зери фишор гузоштани озодиҳои бунёдӣ бармало мекунанд," -- омадааст дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Амрико.
Дар идома гуфта шудааст, ки "теъдоди зиёди маҳбусони сиёсӣ дар саросари ҷаҳон зери шиканҷа ва шароити ғайриинсониву шаклҳои дигари бадрафторӣ ҳастанд. Пайвандонашон орзу доранд, ки онҳоро ҳарчи зуд дар озодӣ ва дар ҳалқаи хонавода бибинанд. Мо наметавонем иҷоза бидиҳем, ки ин вазъ идома ёбад."
Намояндагони ҳукумат дар Тоҷикистон будани зиндониҳои сиёсиро дар кишвар рад мекунанд. Созмонҳои байнулмилалӣ, кишварҳои ғарбӣ ва мухолифони тоҷик сиёсатмадорону вакилони мудофеъ ва хабарнигорони зиндониро маҳбусони сиёсӣ ном мебаранд.