Як узви пешини порлумони Афғонистонро дар хонааш паронданд

Мурсал Набидзода

Мурсал Набидзода, узви пешини порлумони Афғонистон, дар даромадгоҳи хонааш паронда шудааст.

Холид Задрон, сухангӯйи пулиси Толибон дар Кобул, рӯзи 15-уми январ гуфт, Набидзода ҳамроҳи муҳофизаш дар маҳаллаи Аҳмадшоҳ Бобо аз тарафи афроди мусаллаҳи ношинос ба қатл расид. Вай афзуд, бародари Набидзода захмӣ шуд.

Ҳеч шахс ё гуруҳе масъулияти ҳамларо ба уҳда нагирифтааст, вале ин куштор боис ба маҳкумияти байнулмилалӣ шуд.

Гуруҳи тундрави Толибон дар моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт. Дар ин муддат занонро аз ҳаққи кор ва духтарони боло аз синфи шашумро аз ҳаққи таҳсил дар мактабу донишгоҳ маҳрум кард.

Иёлоти Муттаҳида рӯзи 13-уми январ Шӯрои Амнияти Созмони Милалро водор кард, қатъномаеро бипазирад, ки дар он аз мақомоти зери раҳбарии Толибон дар Афғонистон тақозо шудааст, мамнуъиятҳоро алайҳи занон бекор кунанд.

Созмони Ҳамкории Исломӣ низ иддаои Толибонро дар бораи "исломӣ" будани бархӯрдашон бо занону духтарони афғон рад кард.