Гуруҳи Ҳелсинкии Маскав барои идомаи кораш дар Русия мубориза мекунад.
Додгоҳи Маскав дар моҳи январи имсол дар мавриди барҳам додани созмон қарор қабул хоҳад кард. Ин ҳамон додгоҳест, ки соли гузашта дар пасманзари саркӯби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Русия созмони “Мемориал”-ро баста буд.
Вазорати адлияи Русия даъво дорад, ки Гуруҳи Ҳелсинкии Маскав танҳо дар пойтахти Русия сабтином шуда, вале фаъолияташро берун аз ҳудуди он ба роҳ мондааст.
Гуруҳи Ҳелсинкии Маскав соли 1976 таъсис ёфта, қадимтарин созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Русия мебошад. Он замон Иттиҳоди Шӯравӣ созишномаи Ҳелсинкиро имзо намуд, ки тибқи он кишварҳои узв бояд меъёрҳои ҳуқуқи инсонро риоя намоянд. Ин созмон аз рӯзҳои аввали таъсисёбияш таҳти таъқиб қарор дошт.
Светлана Астрахантсева, мудири иҷроияи Гурӯҳи Ҳелсинкии Маскав, мегӯяд, «мо таъқибҳоро ба ёд дорем. Бо вазъияти имрӯза монандиҳои зиёд дорад. Албатта, мо танҳо ба хотири онки касе фаъолияти моро қатъ кардан мехоҳад, созмонро барҳам намедиҳем. Мо ният дорем, аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода кунем. Аз ҷумла, озодии иттиҳодия, баён, ҷустуҷӯ ва паҳнкунии иттилоот.»
Яке аз созмонҳои дигари маъруфи дифоъ аз ҳуқуқи инсон низ таҳти фишор мебошад. Маркази Сахаров ахиран барои нақзи қонун дар бораи “Аганти хориҷӣ” 5 миллион рубл ё ҳудуди 73 ҳазор доллар ҷарима шуд.
Cергей Лукшевский, раҳбари Маркази Сахоров, гуфт: “Мо дар муддати камтар аз як рӯз аз мурофиа огоҳ шудем. Дар ин бора нахуст аз расонаҳо хабар ёфтем ва танҳо рӯзи 22-юми декабр дар Telegram паём гирифтем. Додгоҳ рӯзи 23-юми декабр таъин шуда буд. Инҷо ҷоиз аст, ки парвандаи барҳам додани созмони «Мемориал»-ро ба ёд орем. Аз аввал онҳо низ ба як қатор нақзи қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ муттаҳам мешуданд.”
«Мемориал»-яке аз созмонҳои иҷтимоии бонуфуз дар Русия буд. Моҳи декабри соли 2021 додрас ҳукми барҳам додани ин созмонро барои вайрон қардани қонун дар бораи «агенти хориҷӣ» содир кард. Ҳоло ҳамин додрас барои пеш бурдани мурофиаи Гуруҳи Ҳелсинкии Маскав таъин шудааст.