Мансабдори пешини Эронро ба дор овехтаанд

Алиризо Акбарӣ

Дар Эрон муовини собиқи вазири дифоъ Алиризо Акбариро, ки ба ҷосусӣ ба нафъи Бритониё гумонбар буд, эъдом карданд. Ӯ шаҳрвандии Бритониё ва Эронро дошт.

Би-би-сӣ бо такя ба расонаҳои давлатии Эрон хабар дод, ки Акбарӣ ба дор овехта шуд. Пештар Додгоҳи олии Эрон шикояти ӯро рад кард ва ҳукми қатлро бетағйир гузошт.

Ин мансабдори собиқ дар соли 2019 боздошт ва ба ҷосусӣ ба нафъи MI6, хадамоти иктишофии Бритониё, муттаҳам шуд. Мақомоти Эрон гуфтанд, ӯ барои ин кор гуё беш аз ду миллион доллар гирифтааст.

Дар як сабти садоӣ, ки Бахши форсии Би-би-сӣ ба даст овард, Алиризо Акбарӣ гуфтааст, ҷинояте содир накарда буд, аммо пас аз шиканҷа ба гуноҳ иқрор шуд.

Сарвазири Бритониё Риши Сунак эъдоми Акбариро анкӯҳиш кард. Пештар вазири корҳои хориҷии Бритониё хоҳони раҳоии фаврии Акбарӣ шуд ва ҳукми эъдомро дорои ангезаҳои сиёсӣ номид.

Лондон дар посух ба эъдоми Алиризо Акбарӣ алайҳи додситони кулли Эрон Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ таҳрим ҷорӣ кард. Мақомоти Фаронса низ дар пайванд ба ин ҳодиса сафири Эронро дар Порис ба Вазорати умури хориҷӣ хонданд.

Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар навбати худ сафири Бритониёро дар робита ба "дахолати Лондон ба арсаи амнияти миллии Эрон" эҳзор кард.

Алиризо Акбарӣ дар замони раёсати Муҳаммад Хотамӣ (1997-2005) ба ҳайси муовини вазири дифоъ кор кардааст.