Як ҷавон дар Душанбе барои модарозорӣ муҷозот шуд

Додгоҳе дар Душанбе як ҷавонро барои модарозорӣ 15 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум кард. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе хабар дод, ки Зиёратшоҳ Шакаров, ҷавони 23-солаи сокини пойтахт дар ҳолати мастӣ ба хона омада, бо модару ҳамсар ва бародараш муноқиша кардааст. Баъдан дар ҳаққи модар, ҳамсар ва бародараш суханони қабеҳ зада, шаъну шарафи онҳоро паст задааст. Мақомот ҳамчунин гуфтанд, ки ин ҷавон ҳамчунин бо дастчӯби махсуси омодакардаи худ аз ҷумла, модарашро таҳдид кардааст. Назари худи ин ҷавон ба ин ҳарфҳои мақомот маълум нест. Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолат нест, ки фарзандро барои модарозорӣ муҷозот мекунанд. Дар гузашта низ мақомот аз боздошти чунин афрод хабар дода буд.