Дар Туркманистон тасмим доранд, ки дар фаъолияти порлумон ислоҳот анҷом дода, табақаи болоии онро бекор ва порлумони яктабақаиро баргардонанд.
Халқ Маслиҳатӣ ё Шӯрои халқӣ, ки ҳамагӣ ду сол пеш ба табақаи болоии порлумон табдил шуд, эҳтимол дорад, дубора ба шохаи мустақили ҳокимият табдил гардад.
Ҳамчун ниҳоди алоҳида Шӯрои халқӣ мақоми олии ҳокимият унвон хоҳад шуд. Ин ниҳод салоҳиятҳои воридсозии тағйирот ба Конститутсия, қабули қонунҳои конститутсионӣ, муқаррарсозии сиёсати дохиливу хориҷиро соҳиб хоҳад шуд.
Моҳи марти соли 2022 Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов курсии президентиро ба писараш Сардор Бердимуҳаммадов дод ва худ ба курсии роҳбарии Халқ маслиҳатӣ нишаст.
Идеяи ислоҳоти порлумонро дар ҷаласаи рӯзи 11 январ раиси Халқ маслиҳатӣ Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов пешниҳод кард.
Баъд аз ин пешниҳод расонаҳои расмии Туркманистон фармони раиси Халқ маслиҳатӣ Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ва фармони президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадовро дар бораи яктабақасозии порлумон нашр карданд.