Ташвиши Гулрухсор Боева ва ҳамкоронаш

Гулрухсор Боева

Барфи зиёду ҳавои сард ташвиши Гулрухсор Боева ва ҳамкоронашро дар пойтахти Тоҷикистон бештар кардааст. Онҳо роҳу ҷӯйбор ва дарахтонро аз барф тоза мекунанд. Гулрухсор Боева дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунад. Субҳ ба пойтахт меояд ва шом ба назди пайвандон бармегардад. Зиндагии худу чаҳор фарзандонашро ба танҳоӣ таъмин мекунад. Мегӯяд, шавҳараш баъди бозгашт аз муҳоҷирати корӣ аз Русия ҷойи кор надорад. Дар Душанбе ба мисли Гулрухсор Боева қариб ду ҳазор зани роҳрӯб кор мекунанд. Аз 800 то 1200 сомонӣ маош доранд. Ҳаштод дарсади кормандони идораи хадамоти коммуналии пойтахт низ занон ҳастанд. Акси Гулрухсор Боева ҳамкоронаш ҳангоми кор. 12-уми январи 2023