Дар ин рӯзҳои сарди зимистон, ки на ҳама хоҳиши берун шудан аз хонаҳои гармро доранд, заноне ҳам ҳастанд, ки аз субҳ то шом дар кӯча кор мекунад. Онҳо занони роҳрӯб ҳастанд, ки баъзан аз соати 3-и шаб барои покиза кардани кучаҳо ба берун мебароянд, то сокинон бидуни мушкил равуо кунанд. Яке аз ин занон Гулрухсор Боева сокини шаҳри Ваҳдат аст.
Ҳоло барфи зиёду ҳавои сард кори Гулрухсору дигар ҳамкорони роҳрӯбашро бештар кардааст. Онҳо роҳу ҷӯйбор ва дарахтонро аз барф пок мекунанд, то барои сокинон мушкил пеш наояд. Ин зан ки машғули кор буд, ҳамзамон бо Радиои Озодӣ суҳбат кард ва гуфт ҳашт сол аст, роҳрӯбӣ мекунад.
Мегӯяд рӯзҳои аввали кор барояшон дар хиёбонҳо осон набуд, хиҷолат мекашид, вале ҳоло одат кардааст: «Шарм мекардем, ки мо партоб мегирем, партоб мечинем, шарм мекардам, баъд оҳиста-оҳиста одат кардем, ҳозир парво надорам. Намедонам дар рӯямон ҳиҷ кас ҳеч чиз намегӯяд, агар аз пасамон нагӯянд, баръакс эҳтиром мекунанд.»
Видеоро инҷо бубинед:
Бахши умдаи занҳои роҳрӯб аз хонаводаҳои камбизоати шаҳр ва канораҳои пойтахт ҳастанд. Гулрухсор дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунанд. Ӯ субҳ ба пойтахт меояд ва шом ба назди хонаводааш бармегардад.
Зиндагии худу чаҳор фарзандашро ба танҳоӣ таъмин мекунад. Мегӯяд, шавҳараш баъди бозгашт аз муҳоҷират ҷойи кор надорад: «Дар пойтахт маошаш беҳтар аст. Боз дар ҷашну идҳо кумак мекунанд, камбудӣ надорем».
Дар шаҳри Душанбе, ки расман ҳудуди як миллион аҳолӣ дорад, мисли Гулрухсор қариб ду ҳазор зани роҳрӯб кор мекунанд ва маоши онҳо аз 800 то 1200 сомонист.
Ҳаштод дар сади кормандони Хоҷагии коммуналии пойтахт низ занон ҳастанд. Ҳарчанд дар гузашта ин табақаи коргарон камтар қадр мешуданд, аммо дар чанд соли охир дар ҷашну идҳои миллӣ ба онҳо ҳадя ва мукофотпулӣ медиҳанд.
Гуфтугӯ