Пизишкон гуфтанд, ки чаро шашгоникро аз даст доданд. ВИДЕО

Шашгоник ду писар ва чаҳор духтар буданд

Шашгонике, ки рӯзи 11-уми январ дар вилояти Суғд ба дунё омаданд, ҳамагӣ як рӯз умр диданд.

Пизишкон сабаби марги пайиҳами ду писар ва чаҳор духтарро ба "таваллуди бармаҳал" пайванд доданд.

Нурия Дадобоева

Нурия Дадобоева, пизишки таваллудхонаи вилоят, ба Радиои Озодӣ гуфт, кӯдакон қариб шашмоҳа ба дунё омада, "вазнашон аз 550 то 700 грамм буд".

"Шароит ва маводу дору барои кудакон муҳайё буд. Азбаски норасид буданд, мутаассифона, фавтиданд," -- шарҳ дод ӯ рӯзи 12-уми январ.

Зане, ки шаш тифлро дар як вақт ба дунё овард, Муборак Соҳибоваи 26-сола аз ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Ҳоло ӯ зери назари пизишкон ва дар бемористон аст. Ӯ ду фарзанди дигар дорад.

Таваллуди шашгоник дар Тоҷикистон бесобиқа аст. Дар гузашта панҷгоник ва чанд мавриди таваллуди сегонику чоргоник дар Тоҷикистон сабт шуда буд. Панҷгоникро соли 2020 як сокини 30-солаи ноҳияи Қубодиёни Хатлон ба дунё овард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Суғд шашгоникҳои навзод фавтиданд