Раиси сенати порлумони Қазоқистон Маулен Ашимбоев хабар дод, ки президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев аз унвони "Сенатори ифтихорӣ" маҳрум карда шуд.
"Ҳукми Додгоҳи конститутсионӣ содир шудааст ва мо фардо қарор қабул мекунем, ки қонуни "Дар бораи президенти нахустин – элбасӣ" беэътибор дониста шавад. Масъалаи унвони сенатори фахрӣ матраҳ шуда буд. Бо назардошти он, ки ин аз Конститутсия ҳазф шудааст, мо низ унвони сенатори фахриро аз муқаррароти худ берун мекунем", - изҳор доштааст ӯ.
Унвони "Сенатори фахрӣ"-ро ба Назарбоев моҳи июни соли 2019 духтари калонии ӯ Дариға Назарбоева, ки он замон сенатро раҳбарӣ мекард, тақдим карда буд.
Додгоҳи конститутсионии Қазоқистон дар пайи шикояти як гуруҳ аз вакилони парлумон ахиран тасмим гирифт, ки қонуни ин кишвар "Дар бораи президенти нахустин – элбасӣ"-ро беэътибор донад.
Қазоқистон соли 2010 қонун дар бораи раисҷумҳури нахустинашро қабул кард, ки бар асоси он ба Назарбоев унвони “Элбасӣ” – “Пешвои миллат” дода шуд ва ин қонун ҳамчунин дахлнопазирии Назарбоевро кафолат медод.