Канада барои Украина низоми дифоии "NASAMS" мехарад

Мақомоти Канада мегӯянд, барои Украина аз Амрико низоми пешрафтаи дифоии "NASAMS" харидорӣ мекунанд. Дар ин бора вазири дифои Канада Анита Ананд баъди гуфтугӯ бо ҳамтои украинияш Алексей Резников хабар додааст.

Ба гуфтаи Ананд, низоми мазкури зиддиҳавоӣ барои муҳофизати минтақаҳои аҳолинишини Украина ва зербиноиҳои он кишвар аз ҳавопаймоҳои бесарнишин, мушакҳо ва ҳамлаҳои ҳавоӣ кумак хоҳад кард.

Раҳбари дастгоҳи президенти Украина Андрей Ермак дар паёмакрасони Телеграм бо изҳори миннатдорӣ ба ҳампаймонҳои кишвараш навиштааст, "сармоягузорӣ ба сипари ҳавоии мо сармоягузорӣ ба амнияти Аврупо аст".