Як табибро дар Тоҷикистон, ки қаблан иддао карда буд, "дӯсти Худо асту ӯро дидааст", дастгир карданд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар наворе рӯзи 11-уми январ Бахтиёр Шоҳев, мудири Маркази тибии "Шоҳёр"-ро ба "барангехтани кинаву адовати миллӣ" муттаҳам кард.
Маълум нест, навор кай ва таҳти чӣ шароите сабт шудааст. Шахсе, ки дар он худро Бахтиёр Шоҳев муаррифӣ кард, мегӯяд, бо "андешаҳои хурофотӣ муштарӣ ҷалб мекард."
Ҳафтаи гузашта нашри як навори Бахтиёр Шоҳев дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки мегуфт, "ба назди Худо рафта бо ӯ суҳбат кардааст", сару садо барангехт.
Ӯ дар он навор иддао кард, ки "дар аввал хабарҳоро аз ҳазарти Хизр мегирифт, вале ҳоло мустақим бо Худо тамос дорад ва Худо ӯро дӯсти худаш медонад."
Бахтиёр Шоҳев солҳо боз ҳамчун маҳсгари сутунмуҳра дар кишвар кор мекард ва, бино ба наворҳояш дар Ютуб, муштариёни зиёде дорад.
Вазорати корҳои дохилиии Тоҷикистон гуфтааст, ӯ бо баёни ин суханҳо мехост, муштарӣ ҷалб кунад ва маблағи бештаре ба даст биорад.
Назари пайвандон ва вакили мудофеаш ба қазия феълан маълум нест.