Дар Тоҷикистон барои 800 ҳазор нафар як моҳ "муҳлат" доданд. ВИДЕО

Сокинон дар Душанбе симкортҳояшонро бо шиносномаҳои нав сабт мекунанд.

Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, ду миллион симкорти ширкатҳои мобилиро соҳибонашон бо шиносномаи нав сабт накардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 15-уми феврал муҳлати тамдидшудаи сабтиноми симкортҳо бо шиносномаи нав (пластикӣ) ба поён мерасад.

800 ҳазор муштарӣ чӣ кор мекунанд?

Ба гуфтаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, аз ду миллион симкорте, ки соҳибонашон онҳоро аз нав сабти ном накардаанд, 800 ҳазораш ҳанӯз фаъол ҳастанд.

Дафтари як ширкати мобилӣ дар Душанбе

Як масъули Хадамоти алоқа рӯзи 10-уми январ бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, агар муштариён сари вақт бо шиносномаҳои нав ба ширкатҳои мобилӣ нараванд, эҳтимол 800 ҳазор нафар аз симкортҳояшон маҳрум шаванд.

Дар Тоҷикистон соли 2014 шиносномаҳои кӯҳнаро ба шиносномаҳои пластикии шакли нав иваз карданд. Аз он сол то кунун борҳо мақомот ба шаҳрвандон мӯҳлат доданд, то ба шиносномаҳои шакли нав симкортҳояшонро сабт кунанд.

Дар Хадамоти алоқа ва Вазорати умури дохилии кишвар гуфтанд, феълан маълум нест, ки боз ҳам муҳлати сабтиноми симкортҳо дароз мешавад ё на. Тасмими ниҳои дар ин масъаларо ҳукумат мегирад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомот мегӯянд, симкортҳоятонро сабт кунед, вагарна...

Кормандони нуқтаҳои хидматрасонии ширкатҳои мобилӣ аз сокинон даъват доранд, ки бо наздик шудани муҳлати пешбинишуда, зудтар симкортҳои худро бо шиносномаи нав бақайд гиранд.

"Ин ба фоидаи худашон"

Ораз Нӯъмонов, корманди ширкати “Зет-мобайл”, рӯзи 9-уми январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло афроди кӯҳансол на бо исми худ, балки бо номи фарзандон симкортҳоро сабтином доранд. "Бисёртар одамони бузургсол меоянд. Симкортҳоро ба номи писар ё духтарашон мегузаронанд. Шаҳрвандоне ҳастанд, ки ҳоло ҳам нагузаштанд, беҳтараш омада гузаранд. Ин барои фоидаи худашон аст, ки дар сурати маҳкам кардани симкорт, саргардон нашаванд,"-афзуд, ӯ.

Тасмими сабти номи дубораи симкортҳо соли 2019 гирифта шуд ва то ҳол бо вуҷуди чанд бор дароз намудани муҳлати бақайдгирӣ, сокинон ба пуррагӣ дар замони таъиншуда симкорташонро дубора сабти ном накардаанд.

Ба назари Муҳаммадӣ Ибодуллоев, директори фонди ҷамъиятии "Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет", бо далели он ки иваз намудани шиноснома танҳо ба хотири як навъ хидматрасонӣ, сабтиноми симкортҳо аст, бино бар ин, сокинон онро чандон ҷиддӣ нагирифтаанд. "Агар иваз кардани шиноснома бо мақсади гирифтани даҳҳо хизматрасонии электронии давлатӣ мебуд, дар он ҳолат, мардум мумкин худашон тезтар иваз мекарданд,"-афзуд, ӯ.

Рустам Гулов, коршиноси фановариҳои навин бар ин назар аст, ки дарёфти шиносномаи нав ё ба қавле плостикӣ, на барои ҳама сокинон осон аст, бино бар ин, нақшаи сабтиноми симкортҳо низ бо таъхир иҷро мешавад. "Ҳамаи маълумот аллакай дар дасти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳаст. Аммо барои шиносномаи нав гирифтан маҷбуред, ки аз нав доир ба будани хати ақди никоҳ аз ҷойи истиқомат, яъне чизе, ки дар шиносномаи кӯҳна ҳаст, онро дубора ҷамъ кунед. Ҳамаи ин вақтро мегирад, қувва мехоҳад, маблағ сарф мешавад. Барои ҳамин фикр мекунам, ки ин ҷараён хеле мушкил аст. Шаҳрванд мебинад, ки ин ҳамон шиноснома аст ва ягон маълумоти иловагӣ надорад, аз ин хотир зарурат намебинад,"--гуфт, Рустам Гулов.

Се миллион шаҳрванд шиносномаи нав гирифтаанд

Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар чаҳор соли ахир зиёда аз 3 миллиону 900 нафар шиносномаи намунаи соли 2014 гирифтаанд. Маълум нест, чӣ теъдоде аз инҳо бо мақсади сабтиноми симкортҳояшон шиносномаи нав дастрас кардаанд.

Ҳикмати Сафарзода, сокини шаҳри Ваҳдат, ки нафақахӯр аст, иваз намудани шиносномаи кӯҳнаашро барои дубора сабтином кардани симкорташ муҳим намедонад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чандон зарурате ба телефон надорад ва онро кам истифода мекунад.

Ҳусейн Қараев, сокини ноҳияи Шаҳринавро қарори мақомот дар мавриди сабти дубораи симкортҳо маҷбур кардааст, то шиносномаи нав гирад. "Бо шиносномаи кӯҳна симкорт намедиҳанд охир, баъди ҳамон фармон, ки гуфтанд, барои симкорт гирифтан бояд шиносномаро иваз кунем, рафта гирифтем,"—гуфт ӯ.

Чаҳор сол пеш тасмими дигарбора сабтином кардани симкортҳо анбӯҳи зиёди одамонро дар назди идораҳои шиносномадиҳӣ ҷамъ оварда, танқидҳои зиёдеро дар пай дошт.

Сокинон ва мунтақидон онро харҷи изофӣ ва саргардонӣ барои аҳолӣ номиданд, вале мақомот онро барои тақвияти чораҳои амниятӣ муҳим мешуморанд.

Ба иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ширкатҳои мобилӣ ба муштариён беш аз ҳашт миллион симкорт фурӯхтаанд, вале аз ин танҳо беш аз 6 миллионаш фаъол аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

ВКД гуфт, муҳлати сабти дубораи симкортҳо ба поён мерасадМуҳлати сабтиноми симкортҳо ба поён мерасад. Муштариёнро чӣ интизор аст? ВИДЕОМуҳлати сабтиноми дубораи симкортҳоро то 2022 дароз карданд. ВИДЕОМуҳлати таъинкардаи мақомот ба поён расид. Тақдири симкортҳо чӣ хоҳад шуд? ВИДЕОНигаронии муҳоҷирони тоҷик аз маъракаи симкорту шиносномаҚарори нави ҳукумат - сабти симкорт танҳо бо шиносномаи нав. ВИДЕО