Шаби 7-ум ба 8-уми январ дар деҳаи Жабкинои Маскав хобгоҳи муҳоҷирони тоҷик оташ гирифтааст. Дар ин сӯхтор як муҳоҷири 28-солаи тоҷик зарар дид. Пизишкон гуфтанд, 20 дарсади бадани ӯ сӯхтааст. Дар маҳаллаи Жабкинои Маскав дар 20 вагон наздик ба 200 бинокори тоҷик зиндагӣ мекунанд. Мақомоти Русия сабаби расмии сӯхторро ҳанӯз шарҳ надодаанд. Дар Русия, ки мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аст, солона садҳо нафар дар тасодуфҳо захмӣ мешаванд.