61 қитъаи роҳро дар Қазоқистон бастаанд

Вилояти Туркистон, 3-юми январи 20223

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар додааст, ки дар натиҷаи боридани барфи зиёд ва яхбандӣ 61 қитъаи роҳи мошингард дар саросари ин кишвар баста шуд. Аз ин миён, 21 қитъаи роҳ хусусияти ҷумҳуриявӣ доранд.

"Ҳоло дар шоҳроҳи Остона-Шучинск 8 мошини боркаш, дар шоҳроҳи Оқтеппа-Карабутак 30 мошин банд монда, дар даромадгоҳи ноҳияи Абай ҷамъшавии мошинҳо мушоҳида мешавад", - омадааст дар хабари вазорат.

Манбаъ афзуда, ки маъмурони наҷот дар шабонарӯзи гузашта ба 37 нафар, аз ҷумла 9 кӯдаки бандмонда мадад расонданд.

Дар Қазоқистон дар ибтидои соли равон 109 қитъаи роҳ ба далели номусоидии боду ҳаво баста шуда буд. Дар шаҳри Жанатаси вилояти Ҷамбили ин кишвар ба хотири туфони сахт ҳолати фавқулода эълом карданд.

Парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон ҳам ба таъхир меафтанд.