Вазирони энержии Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистон рӯзи 6-уми январ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон харитаи роҳи амалисозии тарҳи сохтмони неругоҳи Қамбарота-1-ро имзо карданд.
Вазорати энержии Қазоқистон хабар медиҳад, ки дар доираи харитаи роҳ ҷонибҳо дар бораи шартҳои асосии амалисозии тарҳ ба созиш расиданд ва қадамҳои баъдиро барои сари вақт ба кор даровардани неругоҳ муайян карданд.
"Қамбарота-1 бояд бузургтарин неругоҳи Қирғизистон шавад. Ин неругоҳ имкони бо барқ таъмин кардани кишварҳои Осиёи Марказиро фароҳам меорад ва таъмини минтақаро бо об муътадил мегардонад", - омадааст дар хабари вазорати энержии Қазоқистон.
Вазири энержии Қирғизистон Таалайбек Иброев гуфт, ки Қамбарота-1 барои ҳамаи кишварҳо фоидаовар хоҳад буд ва камбуди неруи барқро дар Қирғизистон аз байн хоҳад бурд.
Моҳи июни соли 2022 президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов сохтмони неругоҳи Қамбарота-1-ро дар вилояти Ҷалолободи он кишвар оғоз бахшида буд. Сарбанди ин неругоҳ 256 метр ва обанбори он барои 5,4 млрд метри мукааб об пешбинӣ шудааст. Қамбарота-1 бо иқтидори 1860 мегаватт ва истеҳсоли 5,6 млрд киловатт/соат барқ сохта мешавад.
Соли 2012 ҳукумати Қирғизистон бо ҳукумати Русия созишномаи сохтмони неругоҳи Қамбарота-1-ро баста буданд. Аммо ба далели таъхир дар корҳои сохтмонӣ Қирғизистон соли 2016 шартномаро якҷониба қатъ кард. Русия аз Қирғизистон маблағҳоеро талаб кард, ки дар сохтмони неругоҳ сарф карда буд.