Мухолифони ҳукумати Беларус мегӯянд, эҳтимол рӯзҳои наздик сафарбарии нерӯҳои захиравӣ ба артиши ин кишвар оғоз шавад.
Павел Латушко, як мухолифи ҳукумати Лукашенко мегӯяд, амалан ҳама чиз барои сафарбарӣ ба артиш омода шудааст.
Ӯ дар суҳбат бо расонаҳои олмонӣ гуфтааст, ки аз аксар кормандони Вазорати умури дохилии Беларус шиносномаҳояшонро гирифтаанд, то ба хориҷи кишвар рафта натавонанд.
Замони ахир, ба гуфтаи ӯ, ҳузури низомиёни Русия дар Беларус афзоиш ёфтааст.
Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус аз шарикони наздики Владимир Путин, президенти Русия аст. Мақомоти Украина борҳо гуфтаанд, ки эҳтимол Лукашенко вориди ҷанг бо Украина шавад.
Русия, ки охири моҳи феврали соли гузашта ба Украина ҳамла кард, ба пешравии назаррасе ноил нашудааст. Мақомоти украинӣ мегӯянд, эҳтимол худи Русия низ бори дигар сафарбарии нерӯҳои захиравӣ ба артишро оғоз кунад ва то 500 ҳазор нафари дигарро ҷалб намояд.
Дар охири соли гузашта Русия беш аз 300 ҳазор нафарро ба артиш ҷалб кард, ки ба гуфтаи мақомоти украинӣ, садҳо нафари онҳо кушта ва маҷрӯҳ шудаанд.