Шутур, гаронтарин ҷоизаи аввалин маъракаи бузкашӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро човандозе аз Узбекистон соҳиб шуд.
Ҳафтаи гузашта нахустин маъракаи бузкашии имсол дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Шоҳрух Холназаров, човандоз аз Узбекистон соҳиби шутур шуд, ки ҳамчун гаронтарин тӯҳфа дар ин маърака эълон гардида буд.
Маъракаи бузкашӣ ҳар сол аз моҳи январ оғоз шуда, то ҷашни Наврӯз идома мекунад. Човандозҳо, ки дар гузашта барои ба даст овардани ҷоизаҳои хоксорона бузкашӣ мекарданд, ҳоло дар сурати пирӯз шудан соҳиби мошин ё шутур мешаванд.
Ҷоизаҳои гарони ин маъракаи бузкаширо низ мошини "Опел" ва шутур эълон карда буданд.
Бузкашӣ, аз камтарин маросимест, ки қонун дар бораи танзими расму оинҳо онро маҳдуд накардааст. Бархе рӯшанфикрон онро ҳамчун мусобиқаи баргирифта аз фарҳанги бегона ва дорои унсурҳои ваҳшиёна танқид мекунанд. Дар ин маърака, аслан ҷасади бузи беҷонро аспсаворон миёни ҳам мекашанд ва ҳар касе онро дар маркази майдон партофт, ғолиб дониста мешавад.
Бархе бар ин назаранд, ки чун бузкаширо мақомдорони баландпоя хуш доранд, баргузории он маҳдуд нашудааст, балки сол то сол рушд мекунад. Дар аксари маъракаҳо номи мақомдорон ва сарватмандони тоҷик ҳамчун соҳибони аспҳо ном бурда мешавад.
Имсол дар майдони бузкашӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин човандозҳои зиёде ҷамъ шуда буданд.
Давлат Ҳасанов, сокини ноҳияи Мӯъминобод, аз ҷумлаи садҳо нафаре буд, ки ба тамошои бузкашӣ омадааст. Ӯ дар гузашта човандоз будааст ва ҳоло худаш тавони бузкашӣ надорад, вале барои ҳаводории бузкашии човандозҳо ба чунин маъракаҳо меравад. Ба гуфтаи ӯ, ягона фарқи маъракаҳои бузкашӣ ҳоло дар он аст, ки човандозҳо аз кишвари ҳамсоя дар он иштирок мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳар сол аз моҳи январ то охири моҳи март, яъне таҷлили ҷашни Наврӯз, дар Тоҷикистон маросими бузкашӣ доир мешавад.
Чунин маъракаҳоро бештар соҳибкорон баргузор мекунанд. Бузкаширо дар Тоҷикистон ҳоло як навъ варзиш медонанд, ки дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон маъмул шудааст.