Мардумро дар Узбекистон аз эҳтимоли бебарқӣ огоҳ карданд

Вазорати энержии Узбекистон сокинонро аз эҳтимоли хомӯш кардани нерӯи барқ дар ҳафтаи оянда хабар дод.

Барои таъмини беҳтари аҳолӣ бо гази табиӣ, гази корхонаҳои бузург муваққатан қатъ мегардад. Ҳамчунин истифодаи шабонарӯзии нерӯи барқ дар корхонаҳои бузург кам карда мешавад ва барқи масрафшуда ба сокинон дода мешавад.

"Барои пешгирӣ аз садамаҳои бузург дар низоми барқ ва таъмини нерӯи барқ ба аҳолӣ, дар асоси нақша хомӯшсозии муваққатии нерӯи барқ сурат мегирад," -- огоҳ кардааст вазорати энержии Узбекистон.