Муассиси гурӯҳи ғайрирасмии низомии “ЧВК Вагнер” ва аз афроди наздик ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин аз афви гурӯҳи аввали зиндониёне хабар дод, ки ба ҷанги Украина ҷалб шуда буданд. Евгений Пригожин гуфтааст, “гуноҳи 20 маҳбус бахшида шуд”.
Ҳомиёни ҳуқуқ қаблан гуфта буданд, ки аз нигоҳи қонунӣ, масъалаи афви ин гуна маҳбусон пурра ҳал нашудааст.
Пригожин изҳор доштааст, ки аксар маҳбусоне, ки ба ҷанг дар Украина ҷалб шудаанд, тасодуфӣ ба зиндон афтида буданд ва барои, ба қавли ӯ, “манфиатҳои миллӣ меҷанганд”.
Чанд моҳ боз маҳбусонро аз зиндонҳои Русия ба ҷанги Украина мебаранд. Дар миёни онҳо ҷинояткорони хатарнок низ будаанд.
Евгений Пригожин аз соҳибкорони наздик ба президенти Русия бар ивази ширкат дар ҷанг ба маҳбусон ваъда медиҳад, ки онҳо афв карда мешаванд.
Дар миёни зиндониёне, ки ба ҷанг дар Украина будрда шудаанд, тоҷикон низ ҳастанд.
Дар моҳи декабри соли гузашта дар вилояти Хатлон ҷасади ду нафареро дафн карданд, ки ба қавли пайвандону дӯстонашон "дар Русия зиндонӣ буданд, аммо ногаҳон дар Украина пайдову ҳангоми даргирӣ кушта шуданд". Бобоазиз Тӯйдиеви 22-сола ва Манучеҳр Шодов 28-сола буданд.