Узбекистон таътили тобистонаи донишомӯзонро тамдид кард

Яке аз мактабҳои Андиҷон, Узбекистон.

Таътили зимистона дар мактаб ва донишгоҳҳои Узбекистон то 17--уми январи имсол тамдид карда шуд. Дар ин бора Вазорати маорифи Узбекистон хабар додааст.

Таътили зимистона дар муассисаҳои таълимии Узбекистон мебоист 9-уми январ ба поён мерасид ва дарсҳо 10-уми январ шуруъ мешуданд.

Вазорат тамдиди таътилро ба номусоидии бодуҳаво ва якбора сард шудани ҳаво дар рӯзҳои 10-15-уми январ рабт додааст.

Дар боғчаҳои Узбекистон низ аз 10 то 18 январ таътил эълом шудааст.