Ҳашт кӯдаки дигар дар Узбекистон аз доруи "Док-1 Макс" бистарӣ шудаанд

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, 8 кӯдаки дигар баъд аз хӯрдани доруи “Док-1 Макс” бистарӣ шудаанд. Олтиной Эсанова, як масъули бахши тандурустии Узбекистон гуфтааст, 7 нафари онҳо сокинони вилояти Сирдарё ва як нафар аз Фарғона ҳастанд.

Ба гуфтаи Олтиной Эсанова, 4 нафар аз кӯдакон сиҳат шуда ба хона рухсат шуданд, вале 3 нафарашон дар бахши эҳё бистарӣ ҳастанд. Пештар хабаргузори УзА хабар дод, ки писарбачаи сесола аз вилояти Фарғона баъди истеъмоли доруи “Док 1 Макс” бо нишонаҳои дарунравӣ бистарӣ шуда, феълан дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Моҳи декабри соли гузашта 19 кӯдак дар Узбекистон аз истеъмоли доруи “Док-1 Макс” ҷон доданд. Баъди ин фурӯши ин дору дар Узбекистон ва чанд кишвари дигари Осиёи Марказӣ манъ шуд. Марги 19 кӯдак интиқоди зиёдро дар дохили Узбекистон ба миён овард ва президент Шавкат Мирзиёев роҳбари Оҷонсии рушди саноати дорусозиро аз мақомаш барканор кард. Хадамоти амнияти Узбекистон намояндаи ширкати воридкунандаи “Док-1 Макс” ва Маркази илмии стандартизатсияи маводи дорувориро боздошт кардааст.

Тибқи ташхисҳои пешакӣ, дар таркиби доруи “Док-1 Макс” гликоли заҳрноки этиленӣ ошкор шудааст. Феълан истеҳсоли ин дору, ки барои зуком ва паст кардани ҳарорат пешбинӣ шудааст, дар Ҳинд боздошта шуд.