Шумори фавтидаҳо аз коронавирус дар Чин афзоиш ёфтааст

Чин. Акс аз бойгонӣ.

Шумори фавтидаҳо бар асари коронавирус ё COVID-19 дар Чин ба ҳадде афзоиш ёфтааст, ки нуқтаҳои оташ задани ҷасадҳо дар саросари ин кишвар пур шудаанд.

Дар ин бора хабаргузории "Bloomberg" бо такя ба кормандони бахши маросими дафн дар Чин ва коршиносон хабар додааст. Яке аз ҳамсуҳбатони расона гуфтааст, "низом фалаҷ шудааст".

Кормандони маконҳои сӯзонидани ҷасадҳо дар шаҳрҳои Пекин ва Шанхайи Чин дар суҳбат бо "Bloomberg" гуфтаанд, ҷасади онҳое, ки аз "COVID-19" фавтидаанд, шабонарӯзӣ сӯзонда мешавад ва дар ҳоли ҳозир то нимаи моҳи январи имсол дигар фармоиш қабул карда наметавонанд.

Корманди яке аз маконҳои сӯзондани ҷасад дар Лонгхуаи Чин иттилоъ додааст, ки ҳамарӯза беш аз 500 ҷасад қабул карда мешавад.

Шумори гирифторони коронавирус моҳи декабри соли гузашта дар Чин баъди он дубора афзоиш ёфт, ки мақомоти ин кишвар ба далели эътирози сокинон тасмим гирифтанд, то чораҳои карантиниро камтар кунад.