Иддаои ду тараф
Мадамин Шарофов, сокини Чилгазии Исфара: "Агар ягон маросим мекарданд, моро ҷеғ мезаданд. Мо онҳоро даъват мекардем. Яку якбора ғайб заданд. Намедонам, онҳоро пешакӣ гурезонданд ё чизеро фаҳмониданд."
Фирӯза Абдуллоева, сокини деҳаи Арқаи Бодканд: "Хонаи моро насӯзондаанд, вале чизе намонда. Гову гӯсфандони мо нест, бурдаанд. Ҷиҳозу косаву табақро шикастаанд. Ҷиҳозу либоси боарзишро гирифтаанд."
Ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон низ на як бору ду бор ва на танҳо дар сатҳи кишварҳои худу минтақа, балки аз минбари Созмони Милал якдигарро ба таҷовузи мусаллаҳона ва аҳдшиканӣ муттаҳам карданд.
Содир Ҷабборов (Жапаров), раиси ҷумҳури Қирғизистон: "Ҳамеша маҷбур ҳастем, ба таҷовузи ҷониби Тоҷикистон посух диҳем… Ҷониби Қирғизистон ба замини бегона даъво надорад ва як сантиметр заминашро ба касе доданӣ нест."
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон: “Ба ғайр аз иншооти марзӣ, мактабҳо, шифохонаҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, хонаҳои истиқоматӣ, зербунёдҳову роҳҳо вайрон шуданд. Пас, таҷовузгар кист?”
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муноқиша дар саросари марз
Ҳамин тавр, баҳси ҳалношудаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки мероси Шӯравии собиқ аст, дар соли 2022 низ идома кард. Задухӯрди мусаллаҳонаи имсола дар моҳи сентябр, ки аз ду тараф даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ гузошт, аз муноқишаҳои пешина фарқ дошт.
Рӯзноманигор Неъматулло Мирсаидов мегӯяд, “агар ба ин масъала аз нигоҳи ҷуғрофӣ назар андозем, муноқиша дар саросари марз сурат гирифт. Яъне, натанҳо байни ноҳияҳои марзии Бодканду Исфара, балки дар байни ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Лайлак низ. Ҳатто дар қисми шимолу ғарбии Тоҷикистон, яъне ҳаммарз бо ноҳияи Лахш муноқиша рух дод. Низомиёни зиёд кушта шуданд.”
Қирғизистон гуфт, дар натиҷаи муноқиша 63 шаҳрвандашро аз даст дод. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, панҷоҳ ғайринизомӣ кушта ва тақрибан 200 нафари дигар захмӣ шуд. Радиои Озодӣ номи беш аз 80 нафарро ҷамъ овард.
Русия миёнравӣ мекунад?
Пас аз муноқиша муносибати Тоҷикистону Қирғизистон комилан сард шуд. Додугирифти молӣ ба сатҳи поинтарин расид. Раҳбарони ду кишвар ҳам “қаҳрӣ” шуданд ва дар як мулоқоти сеҷониба бо иштироки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ба ҳам даст надоданд.
Пушти миз чӣ гуфта шуд, пурра ба матбуот роҳ наёфт, вале пас аз он Маскав нақши миёнравиро гирифт. Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик, мегӯяд, “фикр мекунам, иқдоми раиси ҷумҳури Русия барои ҳаллу фасли муноқиша аҳдофи худро дорад. Ба хотири инки Русия нигарони эҷоди як минтақаи доғи дигар дар ҳудуди Шӯравии собиқ аст. Русия алоқаманд нест, ки дар Осиёи Марказии зери нуфузаш, пойи тарафҳои дигар кашида шаванд”.
Аммо нигоҳҳо дар ин маврид яксон нест. Мақомоти Қирғизистон пештар миёнравии Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупоро низ хостаанд.
Ҷонибҳо ба гузашт омодаанд?
Хатари такрори муноқиша дар оянда то куҷо зиёд аст ва оё ҳукуматҳои ду ҳамсоя омодаанд, ба ҳалли буҳрон иқдом кунанд? Сиёсатшиноси тоҷик Абдулло Раҳнамо мегӯяд, масъалаи созиши ҷонибҳо мураккаб аст ва иродаи қавии сиёсиро мехоҳад.
Ба қавли ӯ, “дуруст аст, ки барои ба ҳуҷҷатҳо, ба сарҳадҳои расмӣ баробар кардани вазъияти воқеии сарҳадҳо бояд тағйироту гузаштҳо шавад. Агар ҳамин кор нашавад, ин баҳс тӯл мекашад. Зеро санад ва ҳуҷҷат ягона мадрак, манбаъ ё дастқапест, ки мо дар болои он истода мавзӯи музокирот ва ҳадду ҳудуди суҳбатро метавонем мушаххас кунем.”
Гузаште, ки аз забони мансабдори баландпояи Қирғизистон ҳам садо дод. Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон дар яке аз мусоҳибаҳояш бо телевизиони маҳаллии “Регион” гуфт: “Ҳоло мо то андозае забон меёбем. Мо ҳоло масъалаҳоеро, ки бояд ҳал кунем, ба ҳамдигар нишон медиҳем. Ба гузашти дутарафа роҳ медиҳем. Мо пешниҳод дорем, ки “биёед, Шумо ин қитъаи заминро гиред, мо – онро."
Мушкил кай ҳал мешавад?
Маълум нест, ки тарафҳо аз якдигар чӣ мехоҳанд ва ба чӣ гузаште омодаанд. Вале ончи ду тараф мегӯянд, ин аст, ки вазъ феълан дар сарҳад муътадил аст ва кори кумисюнҳои байниҳукуматӣ барои таъину нишонагузории сарҳад ҷараён дорад. Дар ҳоле ки Тоҷикистон бештар хомӯширо ихтиёр кардааст, раҳбари Қирғизистон аввал “охири соли 2022” ва бори дувум “моҳи майи соли 2023”-ро замони хатми баҳсҳои марзӣ номид.
Неъматулло Мирсаидов гуфт, “вақте аз се ду қисми марзро давоми 20 сол аломатгузорӣ кардем, боқимондаи онро дар чанд моҳ ҳал кардан, ба ҳеч ақлу идрок рост намеояд. Ба фикрам, нутқи Содир Ҷабборов аз он иборат буд, ки вай ҳамон замон мардуми худашро ором кардан мехост.”
Ҳоло нигоҳҳо ба марзи бастаи Тоҷикистону Қирғизистон дӯхта шудааст. Нуқтае, ки чанд дафъа садои тиру тӯп баланд шуд ва куштаи зиёде гузошт. Ҷанҷол барои бештар аз сесад километр марзе, ки муайяну нишонагузорӣ нашудааст.