Баъд аз латукӯби кӯдаке дар Қирғизистон пулис тафтишро оғоз кард

Пулиси Қирғизистон

Пулиси Қирғизистон

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он латукӯби кӯдаки маъюбе аз сӯи як зан сабт шудааст. Корбарон мегӯянд, навор дар як маркази омӯзишии махсуси шаҳри Бишкеки Қирғизистон сабт шудааст ва зане, ки кӯдакро мезанад, корманди марказ аст.

Дар пулиси ноҳияи Октябри шаҳри Бишкек гуфтанд, тафтиши пешакиро шуруъ кардаанд.

"Муайян карда шуд, ки ин ҳодиса дар яке аз марказҳои таҳсилоти шаҳри Бишкек рух додааст", - хабар доданд дар идораи пулиси ноҳияи Октябри Бишкек.

Бисёре аз корбарони қирғизистонии шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафтори "бераҳмона"-и корманди марказ ба хашм омадаанд.

Дар Қирғизистон ҳудуди 200 ҳазор афроди дорои маъюбият мавҷуд аст, ки наздики 38 ҳазори онҳо кӯдак ҳастанд. Бисёре аз онҳо ба мактаб рафта наметавонанд ва дар интернатҳо ё мактабҳои махсус таҳсил мекунанд.