Боздошти марди 47-сола дар пайванд ба марги як навраси тоҷик

Ноҳияи Ҷайҳун

Мақомот гуфтанд, туфанги «Калашников», ки аз тири он як хонандаи мактаб дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) кушта шуд, ба Собир Тӯйчиеви 47-сола тааллуқ доштааст.

Ин мардро баъд аз марги хонандаи синфи 9-ум, Фирӯзҷони Фирдавсӣ, боздошт карданд. Ҳодиса шоми 26-уми декабри соли гузашта рӯй дод.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар ноҳияи Ҷайҳун рӯзи чоруми январ гуфт, «Собир Тӯйчиев падари ҳафт фарзанд буда, пас аз фирори Маҳмуд Худойбердиев дар соли 1997 ва пароканда шудани қисми низомии зери роҳбарияш автоматро бо худ овардааст.»

Мақомот дар вилояти Хатлон нисбат ба ӯ бар асоси қисми дуи моддаи 195 (расондан, ҷойгир кардан ва нигоҳ доштани лавозимоти ҷангӣ) парванда кушодаанд. Ба иттилои манбаъ, навраси кушташуда аз хешовандони дури Собир Тӯйчиев будааст.

Дар робита ба марги Фирузҷони Фирдавсӣ, ҳамчунин як ҷавони 18-сола ва ду ноболиғи дигар дастгир шуданд.

Намояндагони ниҳодҳои интизомӣ гуфтанд, тири автомат ба чашми чапи навраси 15-сола расид.