"На хӯрок доданд, на..." Шикояти мусофирони ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон

Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, 3-юми январи 2022

Меғ (туман) бар фарози шаҳри Душанбе нагузоштааст, ки чанд ҳавопаймо шаби 2 ба 3-юми январ дар Фурудгоҳи байнулмилалии пойтахт поин биоянд.

Масъулон гуфтанд, баъзе аз ҳавопаймоҳо дар Кӯлоб нишаста, баъд аз беҳтар шудани фазо, дубора ба Душанбе омаданд. Мусофирон мегӯянд, соатҳо дар фурудгоҳи Кӯлоб монданд ва аз сатҳи хадамоти ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" шикоят карданд.

Ардашер Алиев, сокини шаҳри Душанбе, гуфт, пас аз панҷ соли кору зиндагӣ дар Олмон ба Тоҷикистон баргашт, вале бо мушкил дучор шуд. Ҳавопаймои онҳо, ки аз Мюнхен парвоз кард, бояд соати дуи шаб ба фурудгоҳи пойтахт мерасид, аммо ба Кӯлоб рафт.

“Қариб ҳафт соат дар Фурудгоҳи Кӯлоб мондем. Ягон намояндаи ширкати "Сомон Эйр" наомад. На хӯроки гарм, на чойи гарм, ягон чиз надоданд. Касе шарҳ надод, ки чаро хидмат намерасонанд," -- нақл кард ӯ.

Темур Бандишоев, сухангӯйи ширкати "Сомон Эйр", гуфт, “фаромадани тумани ғафс дар Душанбе ва Хуҷанд боис ба таъхири парвози ҳавопаймоҳо шуд. Аз ҷумла, парвоз аз Дубай ва Истанбул бо таъхир сурат гирифт. Барои “Сомон Эйр” бехатарии парвозҳо ва мусофирон аввалиндараҷа аст. Мусофирони якчанд хатсайр бо хӯрок ва ҷойи иқомат таъмин шуданд."

Масъулони фурудгоҳ ва намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ шарҳ надоданд, ки тайи як шабнарӯзи охир ба сабаби фаромадани туман чанд парвоз ба таъхир уфтод.

Як намояндаи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе гуфт, «бо мусоид шудани ҳаво парвози ҳавопаймоҳо мисли пештара ҷараён дорад.»

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳавои номусоиди Тоҷикистон боиси таъхири равуои ҳавоӣ шуд