Русия дар шабонарӯзи гузашта ҳамлаҳояшро ба аксаран ҳадафҳои мулкӣ дар Украина идома додааст. Тибқи гузоришҳое, ки субҳи 3-юми январ нашр шуданд, низомиёни Русия 52 ҳамлаи ҳавоӣ ва 77 ҳамла тавассути пойгоҳҳои мушакӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Украина масъулияти ҳамлаи мушакиро ба пойгоҳи муваққати низомиёни Русия дар вилояти ишғолшудаи Донетск бар дӯш гирифт.
Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина рӯзи 2-юми феврал дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, то 10 воҳиди низомӣ ва силоҳу муҳиммоти низомии Русия дар шаҳри Макеевкаи вилояти Донетск маҳв гардонида шуд.
Русия хисоротро дар ин ҳамла тасдиқ кард. Дар изҳороти ситоди низомии Русия марги 63 афсару сарбоз эътироф шудааст.
Ҷониби украинӣ ва расонаҳои ҷонибдори РУсия дар шабакаҳои иҷтимоӣ тахмин кардаанд, ки дар ин ҳамлаи нерӯҳои Украина садҳо низомии рус ба ҳалокат расидааст.