Манъи фонограмма дар маъракаҳои расмии Қирғизистон 

Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Аз соли 2023 дар Қирғизистон овозхониро бо фонограмма дар чорабиниҳои давлатӣ ва оммавӣ манъ карданд. Дар ин бора вазири фарҳанг, иттилоъ, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон Олтинбек Максутов фармон имзо кард.

Бино ба фармони мазкур, овозхонон ҳақ надоранд, дар ҳудуди театрҳо, толорҳои кино, осорхонаҳо, клубҳо, китобхонаҳо ва муассисаҳои варзишӣ бо истифода аз фонограмма ҳунарнамоӣ кунанд.

Дар сурати иҷро накардани ин фармон, роҳбари муассисае ҷавобгар хоҳад шуд, ки чорабинӣ онҷо доир шудааст.

Вазорати фарҳанги Қирғизистон дар моҳи феврали соли 2021 фармонеро ба иҷро даровард, ки бар асоси он созмондиҳандаҳои чорабинӣ бояд дар эълонҳо истифода шудан ё нашудани фонограммаро зикр кунанд.

Пештар дар Қазоқистон низ овозхононро вазифадор карда буданд, ки ҳангоми истифодаи фонограмма билети консертҳояшонро арзонтар фурӯшанд.

Дар Тоҷикистон низ ин мавзуъ матраҳ аст. Аксар овозхонҳои ҷавонро барои истифодаи фанограмма дар барномаҳои ҳунарӣ танқид мекунанд.