Баҳси беш аз $6 миллион. Ба ширкати вобаста ба Бег Сабур имтиёз додаанд

Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон ба "Тоҷиктелеком", ширкати вобаста ба Хадамоти алоқа, ки раҳбарияшро Бег Сабур, қудои президент Эмомалӣ Раҳмон, ба уҳда дорад, дигарбора имтиёз додааст.

Бар асоси қарори ҳукумат аз 22-юми декабри соли 2022, супоридани беш аз 67 миллион сомонӣ (қариб 6 миллиону 700 ҳазор доллар) қарзи ширкат аз молиёт (андоз) то як соли дигар ба таъхир гузошта шуд.

Зиёда аз 24 миллион сомонӣ (2,4 миллион доллар)-и ин маблағ фоиз ё баҳраи қарз аст.

Бори аввал нест, ки ҳукумати Тоҷикистон ба "Тоҷиктелеком" дар пардохти молиёт сабукӣ медиҳад.

Ин ширкат, ки воридоти Интернетро зери инҳисор ё монополияи худ дорад, солҳои охир вазъи молии хуб надорад ва аз молиёту ширкатҳои дигар қарздор шудааст.

Пештар идораи барқи Душанбе ва ширкати мухобиротии Тселл ба хотири напардохтани қарз аз "Тоҷиктелеком" ба додгоҳ шикоят карданд.