Ҳафт мусофири ҳавопаймои "Air Astana" дар роҳ осеб дидаанд

Акс аз бойгонӣ

Як ҳавопаймои ширкати "Air Astana" рӯзи 2-юми январ ҳангоми парвоз аз шаҳри Тошканди Узбекистон ба шаҳри Алматои Қазоқистон ба минтақаи талотуми шадид ворид шуд ва дар натиҷа 7 мусофир осеб дид.

Хадамоти матбуотии ширкат иттилоъ дода, ки ҳавопаймо соати 14:35 ба вақти маҳаллӣ аз Тошканд парвоз карда, соати 16:45 дар фурудгоҳи Алмато ба замин нишаст.

Ҳайати экипаж ба мусофирони осебдида ёрии аввали тиббӣ расонда, баъд аз фуруд омадан ба бемористон бурдаанд.

Ширкат аз рух додани ҳодиса ибрози таассуф карда, гуфтааст, барои осебдидагон ёрии заруриро мерасонад. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, сабабҳои ҳодиса тафтиш мешавад.