Қазоқистон содироти газро ба Чин бас кард

Ноҳияи Зайсан, шарқи Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Фаъолони маданӣ бо истинод ба мақомоти ноҳияи Зайсани Қазоқистон хабар доданд, ки содироти гази табиӣ аз Сарибулоқи вилояти Қазоқистони Шарқӣ ба Чин аз 1-уми январи имсол қатъ карда шудааст.

"Ҳукумати ноҳия қаблан гуфта буд, ки муҳлати санади имзошуда охири сол ба поён мерасад ва фурӯши газ ба Чин қатъ мешавад. Бинобар ин, мо ба ширкати "Тарбағатайи Мунай" рафтем. Онҳо талаби моро қабул карданд”, - гуфт Асхат Смагулов, сокини ноҳияи Зайсан.

Муҳандиси ширкати "Тарбағатайи Мунай" Серик Жолимбетов мегӯяд, "Қазоқистон соли гузашта ба Чин 67 миллион метри мукааб газ интиқол додааст".

"Ширкат бояд дар соли 2022 ба Чин 75 миллион метри мукааб газ интиқол медод, аммо натавонист. Содироти газ ба далели ба поён расидани муҳлати созишнома қатъ карда шуд", - изҳор дошт як масъули ҳукумати Зайсан Даниёр Сериков.

Сокинони Зайсан моҳи майи имсол аз интиқоли тамоми гази чоҳҳои минтақа ба Чин ба ғазаб омада, аз ҳукумат талаб карданд, ки интиқоли газ ба Чинро қатъ кунад. Онҳо гуфтанд, гази Зайсан дар ҳоле ба Чин интиқол дода мешавад, ки чандин деҳаи ноҳия бегаз мебошад.