Артиши Украина ва саҳифаҳои наздик ба Кремл аз "садҳо кушта" гуфтанд

Мақомоти Русия то кунун хабарро таъйид ё рад накардаанд

Артиши Украина ва расонаҳои иҷтимоии наздик ба Кремл аз кушта шудани садҳо нафар аз басеҷшуда ё нерӯҳои иловагии артиши Русия дар Донетск хабар доданд.

Ба навиштаи саҳифаи наздик ба Кремл дар Телеграм, дар пайи ҳамлаи мушакии нерӯҳои Украина ба як хобгоҳи сарбозон дар наздикии шаҳри Макеевкаи Донетск садҳо нафар кушта шудаанд. Гуфта мешавад, нерӯҳои иловагии Русия дар бинои як омӯзишгоҳ меистоданд.

Агар чунин шумораи талафот тасдиқ шавад, метавонад, яке аз маргбортарин ҳодиса барои Русия аз замони оғози ҳамла дар 10 моҳи гузашта бошад.

Мақомоти Русия то кунун ин иддаоҳоро таъйид ё рад накардаанд.

Изҳори назари русҳо ва хашму ҳайрати онҳо аз ин ҳодиса ва шикасти ошкори артиши Русия дар муҳофизат аз ин омӯзишгоҳ, ки дар он гуё басеҷшудаҳо ҷамъ шуда буданд, нишон медиҳад, ки ҳатто гурӯҳҳои тарафдори Кремлин дар Телеграм ба ин нокомӣ эътироф мекунанд.

Расонаҳои Русия навиштаанд, ҳамла тавассути низоми мушакии HIMARS анҷом шудааст.

Хадамоти робитаҳои стратегии артиши Украина рӯзи 1-уми январ дар Телеграм гуфт, ҳамла ба омӯзишгоҳи рақами 19 дар шаҳри Макеевкаи Донетск "ҳудуди 400 навсарбоз"-и Русия ба ҳалокат расиданд

Ин гузориш ҳамчунин мегӯяд, дар ин ҳамла 300 нафар аз нерӯҳои рус дар Макеевка ҷароҳат бардоштанд.