Таркиш дар Фурудгоҳи Кобул "чанд кушта ва захмӣ" барҷой гузошт

Маҳалли ҳодиса, 1-уми январи 2023

Мақомоти амниятии ҳукумати Толибон гуфтаанд, ки рӯзи 1-уми январ дар бахши низомии фурудгоҳи Кобул таркиш рух дод ва чанд тан куштаву маҷрӯҳ шуданд.

Холид Хадрон, сухангӯи фаромондеҳи амниятии Толибон дар Кобул ба Радиои Озодӣ хабарро тасдиқ кард, вале теъдоди кушташудагон ва захмиёнро нагуфт.

Ӯ афзуд, таркиш дар бахши низомии фурудгоҳ рӯй дода, ҳодиса тафтиш мешавад. То ҳол касе ё гурӯҳе масъулияти таркишро бар уҳда нагирифтааст.

Моҳи декабри соли гузашта бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба як меҳмонхона дар Кобул 5 шаҳрванди Чин захмӣ шуданд. Он замон масъулияти ҳамларо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба уҳда гирифт.